Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 09:08

Афзоиши хизматрасониҳои пулакӣ боиси таваррум шудааст

19 декабр 2012, 05:17

Масъулини Бонки миллӣ мегӯянд, раванди рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва низоми бонкии Тоҷикистон давоми 11 моҳи соли равон дар сатҳи нисбатан муътадил қарор дошт.

Тавре аз бонки мазкур ба Озодагон иттилоъ доданд, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин давра ба 32,6 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 7,5 фоизро ташкил намудааст.

Гуфта мешавад, рушди муътадил дар бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар аз ҷумла, гардиши савдои чакана 17,1 %, хизматрасонӣ 14,5 %, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 9,8 % ва маҳсулоти саноатӣ 9,8% ба қайд гирифта шудааст.

Манбаъ мегӯяд, сатҳи таваррум раванди муътадилро нигоҳ дошта, дар давраи баррасишаванда 6,3%-ро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8 банди фоизӣ кам мебошад: « Таварруми ҳосилшуда асосан дар натиҷаи болоравии нархи хизматрасонии пулакӣ 9,6 фоиз, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 6,2 фоиз ва маҳсулоти хӯрокворӣ 5,6 фоиз ба миён омад. Тибқи таҳлилҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-ноябри соли равон сатҳи таварруми аслӣ 2,3 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1,7 банди фоизӣ кам мебошад».



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!