Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:25

Тӯҳфа ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон

19 декабр 2012, 06:49

Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон 437 нусха китобҳои гуногунро ба маблағи 37238 сомонӣ тӯҳфа кард.

Тавре ба Озодагон аз иниститути мазкур хабар доданд, дар миёни китобҳои тӯҳфашуда асарҳои адибони машҳури ҷаҳон ба мисли Э. Хеменгуэй-«Алвидоъ силоҳ», «Колоннаи панҷум», «Мӯйсафед ва баҳр», Ҷек Лондон - «Мартин Иден», Л. Н. Толстой - «Ҷанг ва сулҳ», Теодор Драйзер - «Фоҷиаи америкоӣ», Вилям Шекспир «Фоҷиаҳо», М. Горький - «Модар», М. А. Шолохов - «Дони ором», Садриддин Айнӣ - «Ғуломон» ҳастанд. Ҳамчунин ба Китобхонаи миллӣ китобҳо оид ба санъат, таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Тоҷикистон туҳфа карда шуданд.

Гуфта мешавад, китобҳои мазкур аз маҷмӯаи ашхоси алоҳида харидорӣ шудаанд ва дар ҳолати хуб қарор доранд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!