Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:07

Афзоиши воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон

19 декабр 2012, 11:09

Масъулини Вазорати энергетика ва саноат мегӯянд, давоми 11 моҳи соли равон ба Тоҷикистон беш аз 73 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст.

Аз вазорати мазкур ба Озодагон иттилоъ доданд, ки дар ин давра аз ҷониби ширкатҳои воридкунандаи сӯзишворӣ- Тоҷирон 1782,4 тонна, Газпромнафт- Тоҷикистон 24026,2 тонна, «Зет – Газ» 10635,5 тонна, «Фароз» 25640,1, ҶДММ «Муҳамад Пулод» 11739 тонна гази моеъ ба Тоҷикистон ворид шудааст.

Гуфта мешавад, чунин ҳаҷми сӯзишвории воридшуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 29260 тонна зиёд мебошад.

Манбаъ мегӯяд, айни замон мувофиқи маълумотҳои пешниҳодгардида аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорони ватанӣ дар ҷумҳурӣ то 1 декабри соли 2012 ҳамагӣ 585 адад нуқтаҳои фурӯши гази моеъ фаъолият доранд, ки назар ба соли гузашта 75 адад афзоиш ёфтаанд.

Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва саноат, аз ҳисоби ташкили нуқтаҳои фурӯши гази моеъ зиёда аз 750 ҷои кории нав ташкил карда шудааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!