Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 01:38

8-нафар барандаи ҷойизаи озмуни «Ҳусни диёри маҳбуб» гаштанд

20 июн 2011, 03:16

Озмуни ҷумҳуриявии суратгирони ВАО бо номи «Ҳусни диёри маҳбуб» дар Душанбе анҷом ёфт.

Дар хатми маросими мазкур, ки дар толори театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ сурат пазируфт, вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ суханрони намуда қайд кард, ки ин  озмун ба 20-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст. Мақсади баргузории  озмун, ҷалби таваҷҷӯҳи иштирокчиён ба зебоиҳои кишвар, баланд бардоштани савияи санъати аккосону суратгирон буда, он миёни журналистони суратгир ва аккосони ҳирфаӣ ташкил карда шуд. Озмун аз 1 январи  оғоз ёфта, то 1 апрели соли равон идома ёфт ва баъдан мӯҳлати анҷоми он то 18-уми июн тамдид гардид. Аккосони касбӣ ва журналистони суратгир дар озмуни мазкур  сурати манзараҳои табиӣ, иншооти нодири дорои аҳамияти таърихиву фарҳангӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишварро аккосӣ намуда, дар коғази андозааш 15Х20 см ба таври ранга даҳ ададӣ чоп карда, якҷо бо шакли электрониаш ба ҳакамони озмуни ҷумҳуриявӣ  пешниҳод намуданд, афзуд вазир.

Зимнан,бо қарори ҳайати ҳакамон барандагони озмун эълон гардиданд. Мақсудҷон Муҳиддинов ва Муҳаммадюсуф Юнусов ду ҷойи аввалро касб карда, Акмал Шарипов, Хусрав Аминов ва Нодир Умаров сазовори ҷойи ифтихории дуввум гаштанд. Муборакшо Гулҷонов, Шӯҳрат Ёров ва Тӯхтамурод Рӯзиев мақоми сеюмро бо ҳам диданд. Дар  ҷараёни баргузории озмун суратҳои беҳтарини пешниҳодгардида дар марказҳои фарҳангии пойтахти кишвар ба намоиш гузошта шуд.

Ёдовар мешавем, ки вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ барои ғолибони озмун шаш мукофот муқаррар карда буд. Барои як ҷои якум – 4 (чор) ҳазор сомонӣ, барои ду ҷойи дуюм - 4 (чор) ҳазор сомонӣ, яъне ба ҳар кадом 2 (ду) ҳазор сомонӣ, барои се ҷойи сеюм - 3 (се) ҳазор дар назар буд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!