Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:07

Э. Раҳмон дар ҳамоиши СААД вазъи Афғонистонро баррасӣ кард

20 декабр 2012, 04:28

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон зимни ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷмъӣ (СААД) дар шаҳри Маскави Русия ба авзои Афғонистон ва таъсири манфии он ба кишварҳои минтақа таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуд.

Президенти Тоҷикистон дар ҷараёни ин нишаст иброз доштааст, ки кишварҳои аъзои СААД ба мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир бояд бо сохторҳои марбутаи худи Афғонистон ҳамкории босамар ба роҳ монанд ва ба тақвияти онҳо мусоидат намоянд.

Бино ба иттилои маркази матбуотии президенти Тоҷикистон, дар ҳамоиши мазкур таҷрибаи Тоҷикистон дар омодасозии кадрҳо барои сохторҳои қудратии Афғонистон ва мусоидат ба бозсозии иқтисодиёту иҷтимоиёт ва зербинои нақлиётию энергетикии он ибратбахш номида шуд.

Дар ин ҷаласа масоили таҳкиму тақвияти ҳамгироии муштарак дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла дар робита бо авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон баррасӣ гардид.

Гуфта мешавад, таваҷҷуҳи зиёди ҷонибҳо ба роҳҳои пурзӯр намудани амнияти иттилоотӣ дар минтақаи масъулияти СААД зоҳир карда шуд.

Манбаъ мегӯяд, сарони давлатҳои аъзои созмон ба дастгирии Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи марзи тӯлонӣ бо Афғонистон, асосан бо роҳи кумаки имтиёзии ҳарбӣ-техникӣ ба нерӯҳои марзбонӣ ва омодасозии кадрҳои ин соҳа таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!