Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:31

Баррасии мубориза ба хариду фурӯши одамон дар Тоҷикистон

20 декабр 2012, 05:43

Ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ оид ба амалигардонии Барномаи мубориза ба хариду фурӯши одамон дар ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013 бо иштироки намояндагони як қатор сохторхои дахлдор баргузор гардид.

Аз Кумитаи ҷавонон,варзиш ва саёҳӣ ба Озодагон иттилоъ доданд, ки Мавсума Муинова, роҳбари гурӯҳи корӣ зимни ин ҳамоиш иброз доштааст, ки зиёд намудани чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва сафарҳои корӣ ба минтақаҳо барои пешгирӣ намудани ин зуҳуроти номатлуб-хариду фурӯши одамон  мусоидат хоҳад кард.

Гуфта мешавад, гурӯҳи кории мубориза оид ба хариду фурӯши одамон дар поёнии ҷаласа бо назардошти пешниҳоду дархостҳои аъзоёни гурӯҳ нақшаи кории худро барои соли 2013 тасдик намуданд.

Бояд зикр намуд, дар ин нишаст намояндагони Кумитаи амнияти миллӣ, Вазорати тандурустӣ, Вазорати маориф ва Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ ширкат намуданд.





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!