Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 23:15

Убайдуллоев фаъолияти нақлиёти мусофиркашониро матраҳ кард

20 декабр 2012, 06:23

Давоми 11 моҳи соли равон аз ҷониби кормандони Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва Бозрасии давлатии автомобилӣ 16 ҳазору 856 ҳолати қонуншикании ронандагони  мусофирбар дар шаҳри Душанбе ошкор гардида, нисбаташон чораҳои маъмурӣ андешида шуд.

Ин нуктаро Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе зимни як ҷамъомад иброз дошт.

Номбурда қайд намудааст, ки айни ҳол ба сокинон ва меҳмонони шаҳр чор корхонаи коммуналии воҳиди давлатӣ ва 19 ҷамъиятҳои хусусӣ дар 88 хатсайр хизмат мерасонанд, ки аз он 31 хатсайр ба корхонаҳои коммуналии шаҳр ва 57 хатсайр ба сектори хусусӣ рост меояд.

Дар ин нишаст қайд гардидааст, ки ҳамарӯза дар ин хатсайрҳо ба миқдори то 235 адад автобус, аз 85 то 92 адад троллейбус,  50 то 55 адад микроавтобус аз корхонаҳои коммуналии шаҳр ва зиёда аз 1410 адад воситаи нақлиёти мусофирбар аз сектори хусусӣ ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғуланд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!