Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 17:11

Ҳалокати марди 44 сола бар асари лату куб

20 декабр 2012, 10:21

Дар ноҳияи Рудакӣ марди 44 сола барои қарздор буданаш аз ҷониби қарздиҳанда мавриди лату куб қарор гирифта , дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Аз Вазорати корҳои дохила ба Озодагон иттилоъ доданд, ки тахминан соати 21:00 дакиқа шаҳрванд Сангалӣ Шарипови 23 сола сокини шаҳри Ваҳдат дар ҳолати мастӣ, барои қарздор будани шаҳрванд Ҷонмаҳмад Каримови 44 соларо ба деҳаи Мавлоно даъват намуда  ӯро лату кӯб намудааст.

Гуфта мешавад Ҷонмаҳмад Каримов аз Сангалӣ Шарипов 2 ҳазору 500 доллари амрикоӣ қарздор будааст.

Кормандони шӯъбаи ВКД  дар ноҳияи Рӯдакӣ-2  ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муайян кардаанд, ки Ҷонмаҳмад Каримов баъди  ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанаш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Манбаъ мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!