Бахшҳо

Таъсиси корхонаҳои саноатӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон аз аввали соли равон то ба ҳол дар соҳаи саноати маводи сохтмон 34 корхонаи нав бо таъсиси 923 ҷойҳои нави корӣ мавриди истифода қарор гирифтааст.

Аз Вазорати энергетика ва саноат ба Озодагон иттилоъ доданд, ки дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи сементбарории «Суғд семент» бо иқтидори солонаи 100 ҳазор тонна семент ба кор оғоз намуд, ки дар он 142 ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шудааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад, дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Муъминобод, Ҳисор, Рӯдакӣ, Турсунзода, Данғара, Ваҳдат, Хуросон, Ғончӣ, Чкаловск ва Исфара низ имсол корхонаҳои истеҳсоли хишт, қуму шағал, оҳакбарорӣ, коркарди санг ва гаҷбарорӣ ба фаъолият оғоз намудаанд.

Дар ноҳияи Ёвон аз ҷониби  «Хуаксин ғаюр семент» сохтмони корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори 1 миллион тонна семент дар як сол идома дорад.

Дар бунёди он 600 нафар коргарони хитоӣ ва 200 нафар коргарони маҳаллӣ фаъолият мекунанд. То имрўз ба маблағи 75 миллион доллари ИМА корҳо наҷом дода шуда, таҷҳизоти технологӣ ворид карда шудааст.

Манбаъ мегӯяд, аз тарафи корхонаи  «Ваҳдат Хуалун» дар шаҳри Ваҳдат сохтмони корхонаи хурди сементбарорӣ, ки иқтидори истеҳсолии 50 ҳазор тонна сементро дар як сол ташкил мекунад, дар арафаи анҷомёбӣ мебошад: «Инчунин сохтмони корхонаҳои бузурги сементбарорӣ дар ноҳияҳои Данғара ва Шаҳритус аз тарафи сармоягузорони хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор дорад».

Масъулини Вазорати энергетика ва саноат иброз медоранд, ки соли 2013 дар соҳаи маводи сохтмон ба истифода додани 25 корхонаи хурду миёна дар назар дошта шудааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)