Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 19:03

Барқияи Эмомалӣ Раҳмон ба президенти тозаинтихоби Корея

21 декабр 2012, 05:57

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба Пак Кын Хе, президенти тозаинтихоби  Корея барқияи табрикотӣ ирсол намуд.

Тавре аз Хадамоти матуботии сарвари давлат хабар доданд, дар барқия  гуфта мешавад, хонуми Олиҷоҳ, дар иртибот ба пирӯзиатон дар интихоботи президентии Корея сарфарозам ба Шумо табрикоти самимона ва таманниёти неки худро бифиристам.

Дар ин барқияи табрикотӣ гуфта шудааст, ҷониби Тоҷикистон ба пешбурди маҷмӯи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Корея аҳамияти хоса медиҳад ва боиси қаноатмандист, ки имрӯз миёни кишварҳои мо дар арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн робитаҳои гуногунҷанбаи созанда ба роҳ монда шудаанд, ки мо ба густариши минбаъдаи онҳо бовар дорем: «Бо изҳори омодагии хеш ҷиҳати саъйю талошҳои муштарак дар ин самт ба Шумо сиҳатии комилу пирӯзиҳои навин ва ба мардуми дӯсти  Корея хушбахтиву шукуфоии рӯзафзун таманно дорам», омадааст дар баёния.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!