Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 16:56

Ҳасан Асадуллозода ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ вобаст шуд

21 декабр 2012, 08:47

Соли 2013 дар баробари амалисозии нақшаҳои пешбинигардида, соли омодагӣ ба   ифтихори 90-солагии мақоми пойтахтро соҳиб шудани шаҳри Душанбе  эълон мегардад.

Дар ин бора дар ҷаласаи ҷамъбастии  солонаи ҳукумати пойтахт, ки рӯзи гузашта таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, мири шаҳри Душанбе баргузор шуд, қарори марбута ба имзо расид. Ҳамин тавр, барои дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намудани омодагиҳо ва ташкилу назорати корҳои тайёрӣ комиссияи вижа бо ҳузури намояндагони аҳзобу соҳибкорон таъсис дода шуд.

Тавре Шафқат Сайидов, сухангӯи раиси ҳукумати Душанбе ба Озодагон иттилоъ дод, дар ин кор дар ноҳияи Сино - ҲХДТ ва соҳибкор Наврўз Комилов, И.Сомонӣ - ҲКТ ва соҳибкор Ҳасан Асадуллозода,  Шоҳмансур – ҲНИТ ва соҳибкор Зайд Саидов ва ноҳияи Фирдавсӣ- ҲСТ ва соҳибкор  Қурбон Неъматов ба ҳайсси сарпарастону масъулини чорабинӣ вобаст гардиданд.  





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!