Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 07:17

4586 зан дар Тоҷикистон мансабҳои гуногуни хизмати давлатиро ба дӯш доранд

21 декабр 2012, 09:24

Дар китобхонаи миллии Тоҷикистон машварати ҷамъбастии ҷаласаҳои «Клуби мубоҳисавии занон» баргузор гардид.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии МН, дар кори ҳамойиши мазкур муовини раиси Маҷлиси намояндагони Назира Fаффорова, вакилон Галия Рабиева, Саодат Амиршоева, Бибидавлат Афзалшоева, Мунаввара Кенҷаева, Мақсуда Самадова ва намояндагони шаҳру ноҳияҳои мухталифи ҷумҳурӣ  иштирок намуданд. Назира Fаффорова дар суханронии худ, аз ҷумла иброз намуд, ки имрўз дар Тоҷикистон, ки дар роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор мегузорад, масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат маҳсуб мегардад.  

- Дар таъмини иштироки воқеии занон дар сиёсат, ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунии давлатӣ, махсусан, фармони президент аз 03.12.1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» нақши муҳим бозид»,- гуфт муовини раиси Маҷлиси намояндагон.

Ҳамзамон, Назира Fаффорова таъкид дошт, ки тавассути татбиқи сиёсати давлатии гендерӣ ҳамарўза мавқеъ ва нуфузи занон дар идоракунии давлатӣ меафзояд. Дар соли 2012 шумораи умумии заноне, ки дар мансабҳои гуногуни хизмати давлатӣ фаъолият доранд, ба 4586 нафар расидааст. Дар натиҷаи амалигардонии грантҳои президентӣ, то охири соли 2011  2500 нафар занон бо ҷойҳои кори доимӣ ва 840 нафар занон бо ҷойҳои корҳои муваққатӣ фаро гирифта шуда, маърифати ҳуқуқӣ ва соҳибкорию корофарии 18 918 нафар занон  дар ин муддат баланд бардошта шуд. Дар маҷмўъ, дар муддати 5 сол ин лоиҳаҳо доираи зиёда аз 21 000 нафар занонро фаро гирифтааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!