Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 03:13

Толиба аз Тоҷикистон-барандаи озмуни байналмилалӣ дар Русия

21 декабр 2012, 10:41

Чанде қабл дар пойтахти ФР, шаҳри Маскав маросими ҷамъбасти озмуни байналмиллалии «Этносфера» баргузор шуд.

Тавре хабарнигори масковии Озодагон иттилоъ дод, ин чорабинии илми хонандагони макотиби миёнаи кишварҳои узви ИДМ барои дуввумин бор сурат пазируфта, дар сабқати имсола ҳам намояндаи Тоҷикистон ширкат дошт: «Хонандаи синфи 10-и  мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 56 (ноҳияи Сино)-и шаҳри Душанбе Нилуфар Аҳмадзода дар озмуни «Муколама ба забони русӣ» иштирок намуда, дар байни хонандагони беш аз 11 кишвари дигар сазовори дипломи озмун гардид.

Маврид ба ёдоварист, озмун мазкурро Маркази таҳсилоти ҷаҳонии назди ҳукумати шаҳри Маскав аз соли 2011 ба ин сӯ доир месозад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!