Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:52

Фарҳод Раҳимов: Кӯшиш мекунем, ки шаҳрвандонамон соҳибмаълумот гарданд

20 июн 2011, 06:26

Мо кӯшиш мекунем, ки шаҳрвандони давлатҳои ИДМ соҳиби маълумот ва дар бозори меҳнат рақобатпазир бошанд.



Дар ин бора, Фарҳод Раҳимов, муовини аввали вазири маорифи Тоҷикистон   дар ҷаласаи 24-уми шӯро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва конфронси вазирони маорифи давлатҳои аъзои ИДМ, ки дар бӯстонсаройи ҳукуматӣ идома дорад, иброз дошт. Номбурда афзуд, хушбахтона баргузории ин ҷаласа барои рушди соҳаи маорифи Тоҷикистон хеле муҳим аст, мо борҳо дар чунин ҷаласаҳо иштирк доштем ва масоили марбути соҳаро баррасӣ кардем.
Гуфта мешавад, муҳайё кардани шароити хубу таҳсил ва имтиёзҳои мухталиф барои донишандӯзӣ аз масоили меҳварии матраҳшаванда дар нишасти мазкур аст. Ин ҷаласа бо иштироки масъулини соҳа соле ду маротиба баргузор мегардад. Тибқи иттилои расида, дар моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Маскав нишасти навбатии вазирони маорифи ИДМ сурат мегирад.

Ёдрас менамоем,  ҷаласаи 24-уми шӯро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва конфронси 18-уми вазирони маорифи давлатҳои аъзои ИДМ рӯзи 18-уми июн дар Душанбе оғоз гардида, имрӯз ба анҷом мерасад. Зимнан,  20 масъала, аз ҷумла, лоиҳаи нақшаи чорабиниҳо дар соҳаи маориф, лоиҳаи қарордод оид ба ҳуқуқҳои баробари шаҳрвандони давлатҳои ИДМ ҷиҳати қабул ва таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии давлатҳои аъзои ИДМ, қарордод оид ба такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумии давлатҳои аъзои ИДМ ва ғайра баррасӣ мегарданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!