Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 09:06

Се Бухорои Шакурӣ

22 декабр 2012, 05:49

Андешаҳо ва осори Муҳаммадҷон Шакурӣ, ки саршор аз донишу огоҳиҳо ва биниши торихист, барои шакл додан ба ҳувияти тоҷикон дар ҷаҳони нав нақши муассир доштааст.

Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ, ки имрӯз (16.09.2012) дар синни 87-солагӣ дар бемористони Ибни Синои Душанбе даргузашт, аз бузургону пешгомони адабу фарҳанги форсӣ дар замонаи мо буд. ӯ аз ду сол пеш дигар ҳофизааш ёрӣ намедод, вале намехост навиштанро канор бигзорад. Муҳаммадҷон Шакурӣ беш аз 40 китобу мақолаи пажӯҳишӣ навишта ва аз саромадони замонаи мо дар тадвин ва навиштани фарҳанг ба забони форсӣ аст.

Шакурӣ дар Бухоро зода шуда ва ҳамонанди бисёре дигар аз бухороиён ва форсизабонони Осиёи Миёна Бухоро барои ӯ шаҳре ормонӣ буд. ӯ се Бухоро дар зеҳн дошт: яке Бухорои бостонии дирӯз, ки замоне хостгоҳи фикру ҳунар буд ва бар сарзаминҳои дигар равшаноӣ ва фарҳанг метобонид; яке Бухорои имрӯз, ки пайкараест бо меъмориҳои зебо барои гардишгарон; ва яке Бухорое, ки бояд дар Душанбе падид ояд. Ин устод ҳамчунон орзуманд буд, ки шаҳри Душанбе чунон дар заминаи забону адаб ба пеш равад, ки монанди Бухоро дар даврони Сомониён пойгоҳи ҳунару фарҳангу андеша шавад ва шукӯҳи фарҳанги тоҷиконро бозсозӣ кунад. Сомониён, ки Бухорои хотироти Шакуриро сохтаанд, мехостанд шоҳаншоҳии Сосониёнро аз нав зинда кунанд. Аз ҳамин рӯ дар ин андеша буданд, ки Бухороро ба Тисфуне бадал кунанд, ки пойтахти Сосониён буд. Зеро аз нигоҳи онҳо, Бағдод пойтахти халифа шуда буд ва маркази импротурии навбунёди исломӣ ба раҳбарии аъроб, ки мехост бар онҳо сарварӣ кунад. Гарчи дар он Бағдод эрониён аз рӯи кордонӣ ва дурандешӣ барои худ ҷое боз карда буданд ва то пояи вазорат ҳам расида буданд, аммо намехостанд дар фарҳангу забони арабҳо гудохта шаванд. Аз ҳамин рӯ Сомониён ба пешгомии Исмоъил, амири равшанзамин, кӯшиданд, то Бухороро пойгоҳи забон, ҳунар ва фарҳангу тамаддуни эронӣ созанд. Аз ин роҳ рафта-рафта бо Бағдод ба рақобати фарҳангӣ бархостанд ва дар ин роҳ пирӯзиҳои бисёр ба даст оварданд. Зинда кардани забони форсӣ ва барҷастагии дастовардҳои эронӣ дар даруни фарҳанги исломӣ яке аз онҳост. Дар як байти мансуб ба Рӯдакӣ омадааст:

Имрӯз, ба ҳар ҳоле, Бағдод Бухорост,
Куҷо мири Хуросон аст,пирӯзӣ онҷост.


Бо ин ки Бухоро дар садаҳои гузашта пастию баландиҳои бисёр дид ва талхию шириниҳои бисёр чашид, аммо дар оғози садаи бистуми мелодӣ ҳанӯз ҳам пойтахт буд ва ба хотираи фарҳангии Сомониён меболид. Бо сарнагунии Аморати Бухоро ва эҷоди чанд ҷумҳурӣ аз дили он бар пояи табору забон, саранҷом ҷумҳуриҳои кунунии Осиёи Миёна падид омаданд.

Бухоро дигар пойтахт набуд ва дар ин чидмони сиёсии нав шаҳре шуд аз шаҳрҳои Ҷумҳурии Узбакистон, ки имрӯз аз нигоҳи фарҳангӣ дигар ҷойгоҳи чандоне надорад.
Яке аз ҷумҳуриҳое, ки аз дили Аморати Бухоро баромад, Тоҷикистон ном гирифт, то ватани форсизабонони эронитабори Осиёи Миёна бошад. Пойтахте ҳам ки барои ин ҷумҳурӣ баргузида шуд, душанбебозоре буд дар канори шаҳри Ҳисор. Ва чунин буд, ки Душанбе пойтахти тоҷикон шуд.

Аммо ин шаҳри навбунёд на замини ҳосилхези Бухороро дошт ва на ҷойгоҳи роҳбурдии онро. Вале касоне, ки аз Бухорову Самарқанду Хуҷанд ва дигар шаҳрҳо ба Душанбе кӯчида буданд, хотираи Бухорои Рӯдакиро дар дилу замири худ нигоҳбонӣ карда ва ба Душанбе оварда буданд ва мехостанд рӯҳи фарҳанги Бухороро дар пайкари Душанбе бидаманд ва онро густариш диҳанд.

Шакурӣ, ҳамонанди шоъирону нависандагон ва донишварони ҷавони тоҷик, барои сарбаландии дигарбораи тоҷикон ҷунбишеро идома доданд, ки касоне чун Садриддин Айнӣ оғоз карда буданд. Ҳадаф аз ин ҷунбиш нигаҳбонӣ аз ҳувияти тоҷикон ё эронитаборону форсизабонони Осиёи Миёна буд, ки бо дигаргуниҳо, ба гуфтаи худашон, ҷазирае шуда буданд дар дарёи туркзабонон.
Аз ҳамин рӯ онҳо мехостанд бо зинда кардани хотирот ва таъкид бар нақши тоҷикон ба унвони падидоварандагон ва пешгомони забони форсии дарӣ, забони шево ва имрӯзинеро ҷойгузини забоне кунанд, ки аз сӯи ҳукумати шӯроҳо таблиғ мешуд. Зеро ҳукумати шӯроҳо мекӯшид забони кӯчаву бозоррро ҳамроҳ бо вомвожаҳои русӣ ба забони фарҳангии тоҷикон бадал кунад. Аз нигоҳи Шакурӣ ва ҳамкоронаш, ин кори ҳукумати шӯроҳо ҳам пайванди тоҷикон бо гузаштаашонро мебурид ва ҳам фарҳехтагонро барои навиштан ба забони фасеҳи форсии тоҷикӣ бо душвориҳои бисёр рӯбарӯ мекард.

Бо ин ҳол, тоҷикон аз роҳи забону фарҳанги русӣ ҳатто зудтар ва жарфтар аз эрониён бо ҳунарҳое чун теотр, достоннависӣ, боле, уперо, мусиқӣ, рақс ва низ фарҳангу фалсафаи Ғарб ошно шуданд ва дар натиҷа, барои фарҳехтагони тоҷик ин фурсат пеш омад, то бо адабиёти рус ошно шаванд ва бо шевоӣ ба забони русӣ сухан бигӯянд ва бо ҷаҳони бузурги русзабон дар тамос шаванд. Ва Шакурӣ худ аз ҳамин роҳ бо ториху фалсафа ва нақди адабӣ ва торихи Ғарб ошно шуд.

Дар соли 1991, ки барои нахустин бор ба Душанбе рафтам, бо касоне чун Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Камол Айнӣ, Муҳаммади Осимӣ, Лоиқ Шералӣ ва каме баъдтар бо Шакурӣ ошно шудам. Онҳо барои ман мазҳари он Бухорое буданд, ки ман ҳамеша дар дил доштам. Ин ворисони фарҳанг аз кор нанишаста буданд. Достон навишта буданд, шеър гуфта буданд ва бо адабиёту мусиқӣ ва ҳунари Эрону Афғонистон ошно буданд. Дар инҷо буд, ки дарёфтам, ки мо чи андоза аз форсизабонони дигар беиттилоъем.

Шакурӣ ва касоне чун ӯ, на танҳо ба фарҳангу адаби форсӣ иҳота доштанд, балки мехостанд пайванди тоҷикон бо дигар форсизабонон муҳкамтар шавад ва барои ин кор ҳам хоҳони эҳёи хатти форсӣ ва ҳам боло бурдани дониши ҳаммеҳанони худ аз забони фасеҳи имрӯз буданд, зеро эҳёи фарҳангу маънавияти тоҷиконро бидуни шукуфоии забони форсии тоҷикӣ номумкин медонистанду медонанд.

Шакурӣ ба гунае созмонёфта ва низомманд дар заминаи забону адаб кор кард. ӯ дар заминаи торихи адабиёт, нақди адабӣ ва фарҳангнависӣ корҳои барҷастае таълиф кард. Ҳамкории ӯ мояи тадвини беҳтарин фарҳанге шуд, ки ба форсӣ таълиф шудааст ва ба гуфтаи соҳибназарон, фарҳанги дуҷиладии форсии тоҷикӣ, ки бо ҳамкории Шакурӣ дар соли 1969 таълиф шуда, аз нигоҳи шеваи фарҳангнависӣ аз "Фарҳанги Муъин" ва "Луғатномаи Деҳхудо" равишмандтар аст. Шакурӣ низ нахустин касе буд аз тоҷикон, ки узви пайвастаи Фарҳангистони забону адаби форсӣ дар Эрон шуд ва соли 2005 унвони ифтихорӣ ва ҷоизаи "Чеҳраи мондагор"-и Эронро дарёфт кард.

Шакурӣ пас аз фурӯпошии Шӯравӣ бештар ба пажӯҳишҳои торихӣ пардохт ва дар маҷмӯъа-мақолоти "Хуросон аст инҷо", ки соли 1996 нашр ёфт, ҷойгоҳи торихии тоҷикон ва пайванди онон бо забони форсию фарҳанги эрониро тарҳ ва аз он башиддат пуштибонӣ кард, ки дар миёни равшанфикрони тоҷик баҳсҳоеро доман зад.

Андешаҳо ва осори Муҳаммадҷон Шакурӣ, ки саршор аз донишу огоҳиҳо ва биниши торихист, барои шакл додан ба ҳувияти тоҷикон дар ҷаҳони нав нақши муассир доштааст.

Бознашр аз торнамои "Ҷадидонлайн"


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!