Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:28

Садамаи нақлиётӣ дар ҳолати мастӣ

24 декабр 2012, 05:16

Раҳматулло Алиев, сокини 51 солаи шаҳри Ваҳдат дар ҳолати мастӣ бе ҳуҷҷати ронандагӣ ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳраки Шарора ба самти кӯчаи Фирдавсии ноҳияи Ҳисор қоидаи ҳаракати роҳро риоя накарда, ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.

Тавре аз Бозрасии давлатии автомобилӣ  ба Озодагон иттилоъ доданд, ронандаи автомашинаи тамғаи «Оптра-Шевролет» Раҳматулло Алиев дар ҳолати мастӣ ба автомашинаи  «Опел-Вектра», таҳти идораи  Довудхон Сатторови 49 сола, сокини деҳаи Уртабӯз, бархурдааст.

Сипас, баъди якчанд соат ронанда Раҳматулло Алиев дар назди хонааш аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шудааст.

Манбаъ мегӯяд, мусофири автомашинаи «Опел-Астра»  Одинамоҳ Зарипова, сокини ноҳияи Восеъ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!