Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 01:35

Сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон дар рӯйхати беҳтарин мураббии Сербия

24 декабр 2012, 07:08

Никола Кавазович, сармураббии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва тими мунтахаби футболи Тоҷикистон ба рӯйхати беҳтарин мураббии соли Сербия шомил шудааст.

Бино ба навиштаи торнамои варзишии sportske.net ба рӯйхати беҳтарин мураббии соли Сербия дар баробари Никола Кавазович  5 номзади дигар-Александр Станоевич («Пекин Гуоан», Чин), Драгомир Окука («Тзянсу Сэйнти», Чин), Мирослав Чукич («Валдолид», Испания), Иван Йованович («АПОЭЛ», Кипр) ва Славолюб Муслин («Краснодар», Русия)  низ шомил гардидаанд.

Гуфта мешавад, назарпурсӣ ҷиҳати муайян намудани муррабии беҳтарин имрӯз, 24-уми декабр натиҷагирӣ мешавад.

Бояд гуфт, ки сармураббии тими миллии Тоҷикистон ба рӯйхати номзадҳо ба унвони мураббии соли Сербия ҳамчун ягона мутахассиси сербиягӣ дохил карда шудааст, ки ҷоизаи қитъавӣ – Ҷоми раиси АФК-ро бо тими «Истиқлол» ба даст овардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!