Дар қасри Маданияти №1-и шаҳри Хуҷанд вохӯрии аҳолӣ бо Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баргузор гардид.
Аз ҲНИТ ба Озодагон иттилоъ доданд, ки дар мулоқот тақрибан 400 нафар аз донишҷӯён, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳо иштирок намуданд.
Гуфта мешавад, аз ҷониби иштирокдорон ба роҳбари ҳизб оид ба даъвои судии шаҳрдории Душанбе суоле шуд, ки дар ҷавоб Муҳиддин Кабирӣ гуфтааст, ки мехоҳад сулҳкорона ин масъаларо ҳал кунад: « Он 20 миллион сомонии зарари маънавиро адвокат муайян кардааст. Далелҳои шаҳрдорӣ, ки онҳо меоранд ҷой надоранд, чунки вақте ки навори баромадро бо стенограмма дар Маҷлиси Олӣ баррасӣ намудаанд, ба хулоса омаданд, ки ягон қонунвайронкунӣ нест»
Муҳиддин Кабирӣ илова намудааст, ки аммо боз ҳам роҳбарияти ҲНИТ омодаи гузашт мебошанд ва тайёр аст, ки сулҳҷӯёна масъаларо ҳал кунад.
Мӯҳр