Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 13:01

Садамаи нақлиёти мунҷар ба марги дугоникҳо шуд

24 декабр 2012, 06:55

Дар назди бинои почтаи марказӣ дар шаҳри Душанбе садамаи нақлиётӣ ба вуқӯъ паваст, ки дар натиҷа 3 нафар  ба ҳалокат расидаанд.

Тавре ба Озодагон аз Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе подполковники милитсия, Шерафган Латипов хабар дод, 23-юми декабри соли ҷорӣ тахминан соати 4-30 дақиқа ронандаи автомашинаи  «Лендровер» таҳти идораи Назар Дериникян  ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Рӯдакӣ аз самти кӯчаи  Шоҳтемур ба тарафи кӯчаи Бухоро дар майдони Дӯстӣ бо сабабҳои номаълум ба канори рости роҳ рафта ба девори бинои почтаи марказии Душанбе бар хурдааст, ки дар натиҷа воситаи нақлиёт зарари сахти техникӣ гирифта сӯхтор ба амал меояд.

Дар натиҷаи ин ҳодиса мусофирони дар дохили нақлиёт буда ба ҳалокат мерасанд.

Манбаъ мегӯяд, ин мусофирон Амир ва Темур Пешков, дугоникҳо соли таввалудашон 1988 ва дӯсти онҳо Ориён Ҷураев соли тавваллудаш 1988,  истиқоматкунандагони  шаҳри Душанбе мебошанд: «Худи ронанда зарари ҷисмонӣ гирифта дар беморхонаи №3-и пойтахт бистарӣ мешавад».


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!