Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 13:46

Гушаи миллии Тоҷикистон дар Исломобод

24 декабр 2012, 10:19

Дар Осорхонаи миллии шаҳри Исломободи Покистон Гушаи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. Дар ин маросими тантанавӣ Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Покистон, намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати фарҳанги Покистон, тоҷикони муқими Исломобод, намояндагони Ҳукумати маҳаллӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва хабарнигорон иштирок доштанд.

Гушаи миллии Тоҷикистон дар қисмати марказии осорхона, дар шафати гушаҳои кишварҳои дигари узви ИДМ ҷой дода шудааст. Иқдоми мазкур бо иштироки фаъолонаи сафорат ва дастгирии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки ба таври ройгон намунаҳои фарҳанг ва таърихи тоҷиконро ирсол намудааст, амалӣ карда шуд.

Дар намоиш экспонатҳои гуногун, аз ҷумла намунаҳои фарҳангу санъати тоҷикӣ, ки маҳсули эҷоди ҳунармандони бомаҳорати Тоҷикистон буда, хусусиятҳои миллӣ ва зебогии табиати Тоҷикистонро таҷассум месозанд, ба намоиш гузошта шуданд.

Зубайдулло Зубайдов зимни баромади худ ба директори осорхонаи миллӣ ва намояндагони Вазорати фарҳанги Покистон барои мусоидат дар ифтитоҳи Гушаи миллии Тоҷикистон изҳори сипос намуд ва қайд кард, ки ин иқдом ба инкишофи минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи дӯстона, аз ҷумла ҳамкориҳои фарҳангӣ мусоидат хоҳад кард.

Холид Ҷовид, директори Осорхонаи миллии Покистон ифтитоҳи Гушаи миллии Тоҷикистонро дар осорхонаи мазкур як воқеаи муҳим дар муносибатҳои фарҳангии ду кишвари дӯст арзёбӣ намуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!