Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 06:03

СММ қатъномаи Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об-2013-ро қабул кард

24 декабр 2012, 11:25

Маҷмаи Умумии Созмони миллали муттаҳид қатъномаеро, ки «Татбиқи Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об-2013» унвон дорад, бо иттифоқи оро қабул кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон қатъномаи мазкур аз ҷониби ҳайати Тоҷикистон дар СММ дар чаҳорчӯби банди 20-уми рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ, ки «Рушди устувор» ном дорад, таҳия ва пешниҳод гардида буд.

Гуфта мешавад, соли оянда ҷомеаи байналмилалӣ, бино бар қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ 65/154, ки муаллифи он низ Тоҷикистон аст, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи обро қайд хоҳад намуд.

Бори нахуст пешниҳод дар бораи эълон кардани Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об дар суханронии Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар V-умин Форуми ҷаҳонии об, ки дар Истанбул моҳи марти соли 2009 баргузор шуда буд, садо дод.

Мувофиқи қатъномаи зикгардида соли 2013 ду ҳамоиши муҳимм дар мавзӯи ҳамкорӣ дар соҳаи об баргузор хоҳанд шуд, ки яке Муколамаи сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк ва дуюмин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе.

Дар қатънома инчунин аз Дабири кулли СММ даъват ба амал омадааст, ки дар ҳамкорӣ бо ниҳоди «СММ-Об» ва дигар муассисаҳои дахлдори СММ ҷиҳати дар сатҳи ҷаҳонӣ татбиқ кардани Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об мусоидат намояд.

Манбаъ мегӯяд, бо иттифоқи оро қабул гардидани қатънома бори дигар нишон дод, ки ташаббусҳои Тоҷикистон дар мавзӯи об аҳаммияти ҷаҳонӣ дошта, мавриди таваҷҷӯҳ ва пуштибонии кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид қарор доранд.

Бояд зикр намуд, ба рӯйхати бониёни ин қатънома 48 кишвар, ки қитъаҳои гуногуни ҷаҳонро намояндагӣ мекунанд-Австралия, Арманистон, Афғонистон, Африкаи Ҷанубӣ, Баҳрайн, Бангладеш, Беларус, Бенин, Ветнам, Гайана, Гурҷистон, Ҷумҳурии Доминикан, Ироқ, Қазоқистон, Қирғизистон, Коста-Рика, Ҷумҳурии Корея, Кувайт, Люксембург, Маврикий, Марокаш, Маҷористон, Мексика, Молдова, Монтенегро, Муғулистон, Науру, Непал, Покистон, Папуа-Гвинеяи Нав, Федератсияи Русия, Сербия, Суринам, Таиланд, Тимор-Лешти, Туркманистон, Украина, Фиҷи, Финляндия, Ҳиндустон, Хитой, Ҳондурас, Шри-Ланка, Эритрея, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ямайка ва Япония ҳамроҳ шудаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!