Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:39

Телефони боварии Бонки миллӣ барои ислоҳи камбудиҳо

25 декабр 2012, 06:49

Бонки миллии Тоҷикистон барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта имрӯз, 25-уми декабр телефони боварии худро пешниҳоди мардум намуд.

Бино ба иттилои масъулини ин бонк, телефони боварӣ бо мақсади таҳлили ҳамаҷониба ва ҳалли фаврии мушкилотҳое, ки дар фаъолияти банкоматҳои ташкилотҳои қарзии мамлакат ба миён меоянд, роҳандозӣ гардидааст.

Манбаъ мегӯяд, ҳамчунин ҷиҳати ҳаллу фасли дигар масъалаҳои марбут ба истифодабарии картаҳои пластикӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон хадамоти телефони боварӣ (+992 44) 600-15-20 ба кор шурӯъ намуд: «Акнун ҳар муштарӣ ва соҳибони қартаҳои пардохтӣ метавонанд дар мавриди камбудию нуқсонҳое, ки ҳангоми истифода бурдан аз хизматрасонии банкоматҳо рӯ ба рӯ шудаанд, бо рақами номбурда ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар диҳанд».

Бояд зикр намуд, чанде қабл Ширкати «Барқи тоҷик» низ телефонҳои боварии худро  барои шунидани мушкилоти истифодабарандагони барқ ва мушкилотҳои ҷойдошта дар самти риоя нашудани лимит пекаши мардум карда буд.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!