Барномаи давлатии сифат барои солҳои 2013-2015, ки аз ҷониби Агенти Тоҷикстандарт таҳия гардида буд, ҳукумати Тоҷикистон онро тасдиқ кард.
Мурод Ашуров, сухангӯи агентии мазкур ба Озодагон иттилоъ дод, ки мақсад аз таҳияи ин барнома ба роҳ мондани доираи содироти молу маҳсулот, баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, васеъ намудани номгӯи молу маҳсулот, фароҳамсозии шароит ҷиҳати истеҳсоли маҳсулт мебошад.
Номбурда илова намуд, ки меъёрҳои пешбинишударо дар ин барнома дар якҷоягӣ бо дигар ниҳодҳои дахлдор бояд то соли 2015 амалӣ намоянд: « Дигар ҳадафи барномаи мазкур аз ҷиҳати масрафи нерӯи барқ бо манфиат, Тавлиди маҳсулоти ба талаботи бозори дохилӣ ва ҷаҳонӣ рақобатпазир аст».
Манбаъ мегӯяд, татбиқи ин барнома яке аз талаботҳои Созмони умумиҷаҳонии савдо буда, бо амалӣ гардонидани он аз байн бурдани баъзе монеаҳои техникӣ пешбинӣ шудааст.
Мӯҳр