Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:14

Таҷҳизоти тиббии Ҷопон дар Тоҷикистон

25 декабр 2012, 12:14

Имрӯз, 25-уми декабр дар  Вазорати тандурустии Тоҷикистон маросими расмии супоридани маҷмӯи таҷҳизоти тиббӣ аз ҷониби сафорати Ҷопон дар Душанбе баргузор гардид.

Аз вазорати мазкур ба Озодагон иттилоъ доданд, ки зимни ин чорабинӣ  Соҳибназар Раҳмонов, муовини вазири тандурустӣ аз ҳамкориҳои бисёрсолаи Тоҷикистон ва давлати Ҷопон мамнунияти хешро иброз намуда, қайд кард, ки айни замон як қатор таҷҳизотҳои тиббии муосир барои анҷом додани маҷмўи ҷарроҳиҳои мураккаби тармимӣ қарор доранд, ки ин таҷҳизот имконият медиҳад, сифат ва дастрасии хизматрасониҳои махсусгардонидашудаи тиббӣ ба аҳолии кишвар ва алалхусус ба табақаҳои осебпазирро беҳтар гардонад.

Номбурда иброз доштааст, ки бо беҳтар гардидани заминаи моддию техникии муассисаи мазкур, дар ҷумҳурӣ як қатор ҷарроҳиҳои мураккаби муосир ба роҳ монда мешаванд, ки қаблан шаҳрвандони кишвар барои чунин ҷарроҳиҳо маҷбур буданд бо харҷи зиёд ба хориҷи кишвар сафар намоянд».

Манбаъ мегӯяд, дар доираи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати Ҷопон дар соҳаи тандурустии Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳои инвеститсионӣ амалӣ шуда истодаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!