Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 06:53

70 ширкати эронӣ дар Душанбе маҳсулоташонро ба намоиш мегузоранд

26 декабр 2012, 07:34

Дар ин бора ба Озодагон аз Палатаи Савдо ва саноати Тоҷикистон  иттилоъ доданд.

Ба қавли манбаъ, субҳи имрӯз, 26-уми декабр дар «Кохи Борбад»-и пойтахт таҳти унвони «Тоҷикистон-2012» намоишгоҳи маҳсулоти беш аз 70 ширкатҳои эронӣ оғоз ёфт. Намоишгоҳи байналмиллалӣ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ширкати эронии «Роҳи рушди Осиё» ва созмон дода шудааст.

Манбаъ афзуд, дар ин намоишгоҳ маҳсулоти беш аз 70 ширкатҳои эронӣ дар бахшҳои истеҳсоли маҳсулоти ҳурокворӣ ва масолеҳи кишоварзӣ, анвои шириниҳои эронӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маводи шустушӯӣ, атриёт, ороишоти заргарӣ, дастгоҳҳои барқӣ, лӯлаҳои пластикӣ ва ба сурати умум маҳсулоти саноатии Эрон пешкаши мардум шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!