Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 26 апрел 2017, 09:11

Ҳушдори Вазорати тандурустӣ аз афзоиши бемории зуком

26 декабр 2012, 10:48

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз афзоиши теъдоди мубталоёни бемории зуком дар кишвар ҳушдор медиҳад.

Тибқи иттилои ин ниҳод аз аввали соли равон то ҳол дар Тоҷикистон беш аз 15 ҳазор беморони зуком ба қайд гирифта шудааст.

Наврӯз Ҷаборов, муовини директори Хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ дар шарҳи ин хабар ба Озодагон иттилоъ дод, ки шаҳрвандон дар ҳолати пайдо намудани нишонаҳои аввали зуком ба монанди ҳарорати баланд, беҳолӣ, атсаи зиёд, дарди сар ва  сулфа зуд бояд ба духтур муроҷиат намуда, мутобиқи ташхиси табибон табобат гиранд.  

Номбурда мегӯяд, дар ҳолати муошират бо нафарони гирифтори ин беморӣ эҳтиёт кардан лозим: « Фаромуш накунед, ки зуком тез аз як нафар ба нафари дигар мегузарад».

Бино ба иттилои манбаъ, махсусан кӯдакони то 5 сола, шахсони аз 65 сола боло аз нафарони ба чунин беморӣ гирифторшуда, бояд эҳтиёт намоянд.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!