То 1-уми ноябри соли равон дар Тоҷикистон шумораи нуқтаҳои мубодилаи асъор ба 1200 адад расидааст, ки ҳамагӣ 14 тои он ба шаҳри Хоруғи вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон рост меоянд.
Аз Бонки миллӣ ба Озодагон иттилоъ доданд, ки аз 14 нуқтаи мубодилаи асъоре, ки дар Хоруғ фаъолият доранд, 7 ададаш ба шахсони воқеӣ ва боқимонда ба ташкилотҳои қарзӣ вобастагӣ доранд.
Дар маҷмӯъ, дар ВМКБ ҳамагӣ 30 нуқтаи мубодилаи асъор мебошад, ки 22 тои он азони ташкилотҳои қарзӣ мебошанд.
Манбаъ мегӯяд, шумораи нуқтаи мубодилаи асъор дар вилояти Суғд ба 289, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 186 ва дар шаҳри Душанбе ба 562 адад расидаанд.
Масъулини Бонки миллӣ мегӯянд, шумораи нуқтаҳои мубодилаи асъор дар Тоҷикистон аз ҳама камтар дар Хоруғ мушоҳида гардидааст.
Мӯҳр