Хусрави Муътазид, пажуҳишгар ва муаррихи эронӣ дар Ҳамоиши маҷмуъадорони Эрон гуфт, маҷмуъаҳои арзишманде аз Эрон хориҷ шудааст, ки миниатурҳои Эрон, китобҳои Китобхонаи салтанатии Эрон ва 400 ҳалқаи филми мустанад аз он ҷумла аст.
Тавре хабаргузории форс навиштааст, номбурда бо ишора ба маҷмуъаҳои бисёре, ки аз Эрон хориҷ шудаааст, иброз намуд, ки онҳо хеле дер ба фикри маҷмуъадорӣ дар Эрон афтодаанд, чун огоҳӣ надоштанд ва замоне бедор шуданд, ки бисёре аз маҷмуъаҳои нафиси Эрон аз кишвар хориҷ шуда буд.
Бино ба иттилои манбаъ, Хусрави Муътазид дар бораи китобҳои таърихии Эрон гуфтааст, ки ҳудуди 500 китобхона дар тӯли таърихи Эрон то давраи Қоҷор дар хонаи тавонгарон ва шоҳони эронӣ ташхис дода шудааст ва дар миёни онҳо бисёр осори наққошию нафис будааст, ки танҳо яке аз ин наққошиҳои нодир дар ҳароҷии Лондон ба маблағи 900 ҳазор пунд фурухта шуд.
Мӯҳр