Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 22 июл 2017, 23:42

Дар Душанбе наздики 14 кило ҳероин мусодира шуд

20 июн 2011, 08:17

Кормандони вазорати умури дохилӣ зимни як амалиёти вижа дар ноҳияи Исмоили Сомонии  пойтахт сабукрави ВАЗ-21150-ро нигоҳ доштаанд, ки онро Сайдалӣ Мирзоев идора мекардааст.


Аз дохили мошини ронандаи 29 сола борхалтае пайдо кардаанд, ки 13 килову  952 грамм ҳероин доштааст. Ҳамчунин, ҳангоми кофтукоб аз кисаи Мирзоев наздик ба як кило афюн мусодира кардаанд. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!