Бонки миллии Тоҷикистон аз 25-уми декабри соли равон ба муомилот пулҳои нав баровардааст.
Аз бонки мазкур ба Озодагон иттилоъ доданд, ки бо мақсади пурзур намудани унсурҳои ҳимоявии пулҳои коғазӣ ва сифатан беҳтар намудани муомилоти пулии кишвар, пулҳои коғазии арзишашон 5 ва 10 сомонӣ, ки дорои унсури иловагии ҳимоявӣ - кинеграмма мебошанд, ба муомилот бароварда шуданд.
Пулҳои коғазии номбурда дар қатори пулҳои коғазии арзишашон 5 ва 10 сомонии барориши соли 1999, ки дар айни замон дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд.
Мӯҳр