Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:54

Тӯҳфаи солинавии Комроншоҳи Устопириён. Медали тило

28 декабр 2012, 05:54

Паҳлавони шинохтаи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи ХХХII-уми умумиросиягӣ оид ба ҷудо дар вазни то 100 кило барандаи нишони тило гардид.

Тавре Муродалӣ Тешаев, сухангӯи Кумитаи милли олимпии кишвар ба Озодагон иттилоъ дод, мусобиқаи мазкур дар шаҳри Новосибирскии Русия таҳти унвони «Дӯстии халқҳо» бо ширкати зиёда аз 100 варзишгари кишварҳои ҳамсоя баргузор шуд.

Комроншоҳ дар панҷ муҳорибаи хеш тавонист бо усули маъруфи иппон ҳарифонашро шикаст диҳад.

Бояд тазаккур дод, ки Комроншоҳи Устопириён 19 сол дошта, соли 2012 ду маротиба барандаи Ҷоми Аврупо (ҳам миёни ҷавонон ва ҳам бузургсолон), ду маротиба барандаи медали тилои мусобиқаҳои байналмилалӣ  ва ҳамчунин барандаи нишони биринҷии Чемпионати Осиё (Тайван моҳи октябр)  дар риштаи ҷудо гардидааст.  

Дар намуди самбо бошад  ба Комроншоҳ се маротиб унвони қаҳрамони ҷаҳон миёни ҷавонон насиб гардидааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!