Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 03:16

Ба ҳалокат расидани маъюб бар асари сӯхтор

28 декабр 2012, 07:12

Дар натиҷаи нодуруст истифода бурдани шамъ дар як манзили истиқоматии ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон оташсузӣ ба амал омад.

Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, ин ҳодиса субҳи  27-уми декабри соли равон тахминан соати 04:00 дақиқа дар хонаи истиқоматии шаҳрванд Азизхон Одинаеви 51 сола, сокини кӯчаи Фирдавсии ноҳияи Муъминобод рух додаст.

Гуфта мешавад, масоҳати сӯхтори мазкур  88 метри мураббаъро  ташкил медиҳад.

Дар  натиҷаи ин сӯхтор шаҳрванд Каримхон Одинаеви 19 сола, маъюби гурӯҳи 3 аз дуди ғализ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Манбаъ мегӯяд,  аз ҳисоби ин сӯхтор 20000 сомонӣ хисорот ба миён омадааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!