Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 04:09

Кӯлоб: Ҳаракати нақлиёт зери назорат қарор дорад

28 декабр 2012, 10:13

Барфрезии зиёди рӯзҳои 26 ва 27-уми декабр дар роҳҳои навоҳии минтақаи Кӯлоб барои ронандагони нақлиёт безарар буд. Дилшод Фозилов, сардори БДА-и минтақа зимни як сӯҳбат дар ин бора ба хабарнигори маҳаллии Озодагон иброз дошт…


Ҷаноби Фозилов афзуд, дуруст аст, ки дар натиҷаи боридани барфи зиёд шаби 26-ум ба 27-уми декабр роҳҳо пурбарфу яхпӯш шуда буданд. Аммо аз соати 6-и субҳи 27-ум кормандони БДА ба роҳҳо баромада, бо намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ дар якҷоягӣ бо кормандони идораҳои роҳсозӣ ва нақлиёти навоҳӣ барои тозаву бехатар намудани роҳҳои нақлиётгард, чоараандешӣ карданд: «Шукри Худо, ки тавонистем роҳҳоро бехатар намоем ва тайи ин муддат дар ягон нуқта роҳ баста нагардид».   

Ба иттилои ӯ, дар ҳамин ҳолат ҳам ҳатто роҳи Кӯлоб-Хоруғ баста нагашта буд ва шаби 27 ба 28-ум, ки воқеан хунуку сербарф буд, бо ташаббуси кормандони идораи роҳсозии ноҳияи Шӯрообод роҳҳо бо истифода аз маводи зиддилағжиш бехатар гардонда шуда, даҳҳо адад нақлиёти калони боркаш ва нақлиёти сабукрави тамғаҳои «Ҷип»-и сокинони вилояти Бадахшон бе мамониат ҳаракат кардаанд.
Сардори БДА меафзояд, буданд ҳолатҳое, ки баъзе аз нақлиёт аз роҳ
лағжида  берун рафтаанд, аммо хушбахтона, ҳодисаи нохуш ба қайд нарасид.

«Бо вуҷуди тоза намудани роҳ, бо гузашти камтар аз 1 соат боз пурбарфу яхбанд мегарданд. Нақлиёт ҳам агарчӣ бо суръати паст ҳаракат мекунанд, баъзан лағжида, аз роҳ берун мерафтанд».

Қурбон Ҳикматуллоев, сардори муассисаи давлатии роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Восеъ бошад, мегӯяд: «Кормандони ин идора аз субҳ то нимаи шаб дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб корҳои бехатариро ба роҳ монда, зиёда аз 10 мошин қуму намак дар роҳҳои нақлиётгарди мавзеъ пошида, бехатарии роҳро таъмин намудаанд».

Ҳамзамон, Дилшод Фозилов, сардори БДА-и минтақаи Кӯлорб илова намуд, ки дар ҳамаи 10 навоҳии минтақа кормандони муассисаҳои давлатии роҳҳои автомобилгард дар якҷоягӣ бо кормандони БДА навбатдории шабонарӯзиро ба роҳ монда буданд ва аз ин рӯ ҳаракати нақлиёт ва бехатарии роҳ дар минтақа пурра зери назорат қарор дорад.







Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!