Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:49

Дар сӯги устод Шакурӣ

28 декабр 2012, 11:08

Шакурӣ рафту аз ӯ як Бухоро рӯи дӯшам монд,Ҳазорон ҳарфи ногуфта ба лабҳои хамӯшам монд.

Шаҳи мо, бесарони солики ин бесулукиҳо,
Рамиду орамиду ғуссаҳояш бори ҳушам монд.
Дубора хонаам хилват шуду кошонаам бенур,
Мунаввар муршиди маҳфил чу фарёде ба гӯшам монд,
Дубора жандафарҳангу дубора жандапайвандем,
Дигарбора ба ночорй табори жандапӯшам монд.
Работи пору имрӯзу пасинам рахт барбаста,
Умедам бастаи рахташ шуду оҳу хурӯшам монд...
Дориюши РАҶАБИЁН

Хонаи устод Шакурӣ

Ба кафҳо соғари саршор будем
Басо ҳамсӯзу ҳамсукри Шакурӣ.
Чу хорокӯҳи маҳҷури Бухорост,
Ҳар он соне бувад, шукри Шакурӣ!

Ба меҳри хоҳариву хушзабонӣ
Дилафрӯзӣ кунад хонум Дилафрӯз.
Ба хушдониву хушзавқӣ Шакурӣ
Шавадмон пуртабассум маҳфилафрӯз.

Авасто зинда дар ин хонадон аст,
Дар ин ҷо Рӯдакиро чашм биност.
Сухан ин ҷо зи Авфиву Арӯзист,
Зи Ҳасрат, Балъамӣ, Шоҳину Синост.

Гаҳе аз зиллати миллат бинолем,
Гаҳе аз иллати миллат бигӯем.
Гаҳе бигзаштаро пӯему гоҳе
Раҳи фардои рахшонро биҷӯем.

Шудаст ӯ пиру пиринопазиро
Бимондаст андар ӯ ғамҳои миллат.
Нишоне аз Бухорои Шариф аст,
Ки ину он намояндаш зиёрат.

На кохе пурманору пуршукӯҳ аст,
Бувад мислаш на андак   дар Душанбе, --
Ба сурат не, ба маънӣ хонаи ӯ
Бухороест кӯчак дар Душанбе.

Салими ЗАРАФШОНФАР


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!