Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 21 июл 2017, 01:38

Суғд: 1330 оила дар панҷ моҳ аз ҳамдигар ҷудо шудааст

20 июн 2011, 09:37

Тайи панҷ моҳи соли равон ҳудуди 1330 оила дар вилояти Суғд вайрон шудааст.


Тавре ба хабарнигори минтақавии  «Озодагон » дар шимоли мамлакат мудири  шӯъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии вилояти Суғд, Муқаддамхон  Ҳошимова иттилоъ дод, дар панҷ моҳи соли равон  9060  ҳодисаи  бастани  ақди никоҳ  ба қайд гирифта шуда ва то ин муддат  беш  аз  1300 ҳодисаи барҳамрезии  оилаҳо дақиқ карда шудааст. Хонум Ҳошимова афзуд, бештари  ҳодисаҳои барҳампошии  оилаҳо  тавассути ҳукми ин ё он додгоҳ сурат гирифта, қонунӣ шудаанд.
Ба ин тартиб, масъулони идораи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Суғд,  афзоиши вайроншавии оилаҳоро  аз  нофаҳмиҳову  хушунатҳо миёни наварӯсон бо хушдоманҳо ва аъзоёни оилаҳои шавҳарон  маънидод мекунанд. Аммо, дар ин зимн коршиносон мегӯянд, ки ба далели вазъи ноустувори зиндагӣ, шароити номусоиди манзил ва гузашта аз ин ҳама, муҳоҷирати корӣ аз паёмадҳои аслии афзоиши ҷудошавии оилаҳо дар Тоҷикистон маҳсуб мегардад.    
{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!