Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:15

Президент қонун «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ»-ро имзо кард

29 декабр 2012, 06:52

Эмомалӣ Раҳмон чанд қонунеро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонид.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии райисҷумҳур, қонунҳои ҶТ«Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ», «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера», Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи ҳуҷҷати электоронӣ», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Манбаъ афзуд, қонун «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ки ахиран аз ҷониби райисҷумҳур имзо шуд, дар таҷрибаи қонунгузории кишвар  маротибаи аввал қабул гардида,  барои  ошкор ва бартараф намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия  равона шудааст.

Маврид ба тазаккур аст, ки қонунҳои зикргардида, рӯзҳои наздик дар рӯзномаҳои расмии Тоҷикистон нашр шуда, мавриди амал қарор мегиранд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!