Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 21:01

Манома: Музокироти пушти парда бо Иттиҳодияи Аврупо

31 декабр 2012, 06:44

Вазорати хориҷаи Баҳрайн дар 2 ҳафтаи гузашта музокироти густардае бо намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Манома баргузор карда, ки онҳоро қонеь кунад нисбат ба ихроҷи 31 нафар аз шаҳрвандони баҳрайнӣ аз хоки ин кишвар, сукут ихтиёр кунанд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, бар асоси гузоришҳои дарёфтӣ аз яке аз дипломатҳои Иттиҳодияи Аврупо дар Бруссел, тайи ду ҳафати гузашта вазорати хориҷаи Баҳрайн дар тамос бо намояндагони Иттиҳодияи Аврупо дар Манома, дар бораи вазияти 31 нафар афроди аз шаҳрвандӣ маҳрум шудаи баҳрайнӣ ва ихроҷи онҳо аз хоки ин кишвар, гуфтугӯ  ва барои ҷалби назари мусбати ин Иттиҳодия музокиротеро анҷом дода аст.

Афроди шаҳрвандӣ маҳрум шуда аз шаҳрвандони баҳрайнӣ ҳастанд, ки аз уламо, фаъолони сиёсӣ, ҳуқуқи башар, ва 2 тан аз онҳо аз намояндагони собиқи маҷлиси ин кишвар мебошанд. Дар сентябри соли равон ва бо таваҷҷӯҳ ба набудани муваффақияти артиш ва дастгоҳҳои итилоотии саудӣ дар Баҳрайн, Салмон бин Ҳамди Оли Халифа, валиаҳди Баҳрайн тайи нишасте дар Лондон, иқдом ба бастани қарордоди амниятӣ ва тавофуқномаи дифоӣ бо давлати Англия кард, то шояд аз ин раҳгузар тасалути ҷомеъ ва комиле бар мушкилоти дохилии худ биёбад.

Бар асоси ин гузориш, созмони итилоотии Баҳрайн силсилаи инфиҷорҳоеро дар Баҳрайн созмондиҳӣ кард, то бо нисбат додани он ба мухолифон, роҳи  бархурди низомӣ бо инқилобиюнро асоснок кунад, ки дар ҷарёни ин инфиҷорҳо 2 коргари осиёӣ низ кушта шуданд.

Вазорати хориҷаи Англия  дар мавзеъгирии зидду нақис  ва дар жести зоҳирӣ, мавзуьи маҳрум кардан аз шаҳрвандиҳо дар Баҳрайнро маҳкум мекунад, аммо пинҳонӣ бо пуштибонӣ аз дастгоҳи итилоотии Баҳрайн, дар қатл ва шиканҷаи инқилобиён даст дошта ва дар поймолкунии ошкори ҳуқуқи башар ва ихроҷи шаҳрвандони аз шаҳрвандӣ маҳрум шудаи ҳамагон,  шарик мешавад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!