Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 2 декабр 2016, 22:56

Суғд: Ҳалокати корманди «Агроинвестбонк»

31 декабр 2012, 06:55

Сокини ноҳияи Масчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар 330-ум километри роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ бехатарии воситаи нақлиётро риоя накарда, ба садамаи нақлиётӣ дучор мешавад, ки дар натиҷа се нафар ба ҳалокат расиданд.

Аз Бозрасии давлатии автомабилӣ ба Озодагон иттилоъ доданд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Седан» Ҳусейни Шаҳриёри Ҳотамӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ бехатарии воситаи нақлиётро риоя накарда, ба автомашинаи «КАМАЗ-551», ки таҳти идораи ронанда Қосим Шодиев қарор дошт, бархӯрдааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа мусофирони автомашинаи «Опел-Сидан»-Маҳмадёқуб Ғафурови 31 сола, котиби суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ҳоҷихуҷа Хоҷаеви 31 сола, ҳуқуқшиноси «Агроинвестбонк»-и шаҳри Хуҷанд, сокинони деҳаи Гузни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Сироҷиддин Ҳакимзода, соли таваллудаш 1990, донишҷӯи бахши 1-уми

Донишгоҳи иқтисодии шаҳри Хуҷанд, сокини ҷамоати деҳоти Оббурдон, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар макони ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ронандаи автомашинаи мазкур Ҳусейни Шаҳриёр ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!