Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:44

Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон аз Қатар баргашт

31 декабр 2012, 07:06

Дар ин бора як манбаъи мӯътамад аз ВКД-и кишвар ба Озодагон иттилоъ дод.

Ба қавли манбаъ, вазири корҳои дохила, ки тайи чанд рӯзи ахир дар давлати Қатар қарор дошт, пас аз анҷоми якчанд дидору гуфтушунид ва баҳсу баррасии масоили марбут ба ҳамкории дуҷонибаи мақомоти Тоҷикистону Қатар шоми дирӯз ба Душанбе омад: «Таври мисол, рӯзи 28-уми декабр  дар давлати Қатар Рамазон Раҳимов бо бо вазири корҳои дохилии Қатар Шайх Абдулло Насир Аттанӣ мулоқот анҷом дода буд».

Манбаъ афзуд, аснои нишасти мазкур, ҷонибҳо густариши ҳамкориҳоро дар самти мубориза бар зидди терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва дигар ҷиноятҳои муташаккилона муҳим ва зарурӣ ҳисобиданд. Ҳамчунин, мусоҳибон оид ба вазъияти Афғонистон, ояндаи ин кишвар баъд аз хурӯҷи неруҳои НАТО дар соли 2014 табодули назар карданд. Инчунин, гуфта мешавад, Рамазон Раҳимов бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Қатар истиқомат мекунанд, мулоқот кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!