Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:43

Беш аз 600 миллион сомонӣ- буҷети Душанбе барои соли 2013

2 январ 2013, 05:23

Лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2013 аз рӯи даромад ва хароҷот ба маблағи ¬¬994 миллиону 827 ҳазор сомонӣ  муқаррар карда шавад.

Ин нуктаро Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе тибқи қарор «Дар бораи лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2013» иброз намудааст.

Номбурда илова намудааст, ки буҷети шаҳрӣ барои соли 2013 аз рӯи даромад ва хароҷот ба маблағи 698 миллиону 18 ҳазору 669 сомонӣ муқаррар карда шавад.  « Пули нақди хазинавии дар гардишбудаи буҷети шаҳрӣ ба 1-уми январи соли 2014 ба маблағи 1 633 873 (як миллиону шашсаду сиву се ҳазору ҳаштсаду ҳафтоду се) сомонӣ тасдиқ ва буҷетҳои ноҳияҳои шаҳр ба маблағи 6 208 537 (шаш миллиону дусаду ҳашт ҳазору панҷсаду сиву ҳафт) сомонӣ мутобиқи замимаи №3 муқаррар карда шаванд».

Раиси шаҳри Душанбе дар асоси қарори худ дар соли 2013 вобаста ба масоили мухталиф, аз қабили таркиби буҷети шаҳрӣ, кабудизоркунӣ ва нигоҳубини майдону гулгаштҳои шаҳр ибрози назар намудааст.

Убайдуллоев таъкид кардааст, ки сарраёсати молияи шаҳри Душанбе, идораҳо ва шӯъбаҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар муддати як ҳафта, баъди тасдиқи буҷет ба тамоми муассисаҳои аз буҷети шаҳрӣ маблағгузоришаванда, корхонаву ташкилотҳо нишондиҳандаҳои нақшавиро барои соли 2013 расонанд.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!