Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:55

Афсари амрикоӣ дар Афғонистон исломро қабул кард

2 январ 2013, 07:22

Ҳаққонияти дини ислом афсари амрикоии мустақар дар Афғонистонро таҳти таъсир қарор дод ва мунҷар шуд то вай ба дини ислом мушарраф шавад.

Ба гузориши Форс, як афсари амрикоӣ ба номи Ҷеймз Гронт, ки аз неруҳои амрикоии мустақар дар вилояти Кунари Афғонистон аст, пас аз ҳафт моҳ  мутолиъа ва таҳқиқ дар хусуси дини ислом , ба ҳаққонияти он имон овард ва бо гуфтаи шоҳидон, исломро ба унвони дини худ баргузид. Сайти "frontier post" дар ин хусус навишт, ин афсари тоза мусалмон номи Муҳаммад Осифро барои худ интихоб карда ва ӯ низ мухолифате бо ин масъала надоштааст.

Ин афсари амрикоӣ, ки падари 2 фарзанд аст, таъкид кард, ки дар аввалин фурсат хонаводаамро ба ислом даъват мекунам ва пас аз он дигаронро дар ин хусус насиҳат хоҳам кард. Гронт  дар ҳузури ҷамъе аз мардуми Афғонистон ва теъдоде аз афсарони неруҳои хориҷӣ бо зикри шаҳодатайн ва роҳнамоии як имоми масҷид  ислом овард.

Дар ҳоли ҳозир, 66 ҳазор низомии амрикоӣ дар Афғонистон ҳузур доранд, ки бештари онон дар вилоятҳои ҷанубӣ ва шарқии Афғонистон мустақар ҳастанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!