Дар назар аст, 10-уми январи соли равон 3 нафар узви тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба таэквондо (WTF) ҷиҳати омӯзиши машқҳои таълимию варзишӣ ба Амрико сафар намоянд.
Ин варзишгарон Хисрав Ғиёсов, Фарҳод Неъматов ва Алишер Гулов мебошанд.
Гуфта мешавад, машқҳои таълимию варзишӣ дар шаҳри Денвери иёлати Колорадо таҳти роҳбарии Комил Латифов, ки ҳамчунин ба ҳайси сармураббии тими ин иёлат ифои вазфа дорад, гузаронида хоҳанд шуд.
Бояд зикр намуд, Фарҳод Неъматов ва Алишер Гулов соли 2012 иштирокчии XXX-юмин Бозиҳои тобистонаи олимпии Лондон буданд.
Мӯҳр