Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 13:49

Мулоқоти Қоимдодов бо Алейник. Дар Минск

3 январ 2013, 05:55

Қозидавлат Қоимдодов, Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус бо муовини вазири корҳои хориҷии он кишвар- Сергей Алейник масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ баррасӣ карданд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии ВКХ-и Тоҷикистон дар ин нишаст масоили марбут ба ҳамкориҳо дар доираи Созмони Ҳамкории Шонхой ва «Амалисозии Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об - 2013» муҳокима гардиданд.

Бино ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо робитаҳои сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон ва Беларусро фаъолона дар чаҳорчӯбаи СММ, ИДМ, СААД, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё қаноатманд хонда, масъалаи  ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Украина, ки марти соли равон дар Душанбе, дар назар аст, баргузор гардад, муҳокима карданд.

Дар анҷоми мулоқот сафир ба ҷониби Беларус ҷиҳати дастгирӣ намудани иқдоми Тоҷикистон дар СММ оид ба масъалаҳои об, аз ҷумла, барои розигии Беларус ба ҳайси ҳаммуаллифии лоиҳаи Қатъномаи «Амалисозии Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об - 2013» изҳори сипос намуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!