Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 13:47

2349 тонна мева дар саросари Тоҷикистон ҷамъоварӣ шудааст

20 июн 2011, 12:26

Корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и ҷумҳурӣ то санаи 20-уми июни соли равон 2349 тонна мева ҷамъоварӣ кардаанд.


Дар ин бора ба «Озодагон» аз маркази матбуот ва иттилооти вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд. Мувофиқи нақша соли ҷорӣ бояд 68 ҳазору 455 тона мева ва 34 ҳазору 550 тонна ангур ҷамоварӣ карда шавад. То санаи 20-уми июни соли ҷорӣ 2349 тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст, ки 3% -и нақшаро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, ки дар вилояти Хатлон нақшаи истеҳсоли мева 18 ҳазор ва нақшаи истеҳсолии  ангур бошад, 8900 тоннаро дар бар мегирад, ки то имрӯз 1361 тонна ҷамъоварӣ шудааст. Дар вилояти Суғд нақшаи истеҳсоли мева 34 ҳазор ва ангур 19 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки то имрӯз 780 тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст.  {jathumbnail off}

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!