Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:33

Беш аз 105 ҳазор нафар барои кор ба Вазорати меҳнат муроҷиат намудаанд

3 январ 2013, 12:02

Тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 35374  нафар шаҳрванд бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд.

Аз Агентии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Озодагон иттилоъ доданд, ки аз ҷумла, ба воситаи ҷойҳои кории бандшуда (квотаҳо) 2771 нафар ва тавассути ташкили корҳои фардӣ 3765 нафар соҳиби ҷои кор шудаанд.

Гуфта мешавад, дар асоси 198 шартномаи тарафайн бо корхонаву ташкилотҳо 5283 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 12981 нафар дар марказҳои таълими касбии мақомоти шуғли аҳолӣ ба омӯзиши касбӣ фаро гирифта шуданд.    

Манбаъ мегӯяд, ба 8140 нафар бинобар аз даст додани ҷои кор ба муддати то 3 моҳ кӯмакпулӣ барои бекорӣ пардохт гардид: « Аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар ҷумҳурӣ дар ин муддат 132251 ҷойҳои кории нав таъсис дода шудааст. Бо мақсади мусоидат барои дарёфти ҷойи кори муносиб ба шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти шуғли аҳолӣ дар ин давра 627 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, 5416 нафар корҷӯён дар ин ярмаркаҳо соҳиби ҷойи кор гардиданд, ба 3260 нафар роҳхат барои касбомӯзӣ дода шуд ва 984 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардиданд».

Бино ба маълумоти агентии мазкур тавассути ташкил ва баргузории ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ 9660 нафар шаҳрвандони бекор ва корҷӯён ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб шуданд.

Сарчашмаи хабар илова намуд, ки ма мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ  дар соли 2012 барои ҷои кор 105 ҳазору 244 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд, ки 63540 нафари онҳо ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуда, ба 42566 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!