Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 01:35

Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ аз Хуҷанд барчида мешавад

20 июн 2011, 12:39

Ҳайкали Исмоили Сомонӣ аз Хуҷанд кӯчонида мешавад.


Ин муҷассамаи шоҳ дар дар рӯйи аспаш, ки бо баландии 12 метр дар пойтахти вилояти Суғд то ин замон қомат афрохта буд, акнун  барчида ва дар  ноҳияи Б. Ғафуров насб мегардад. Тавре аз идораи сохтмони асосии  Хуҷанд ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ  доданд  барчидани муҷассамаи Исмоили Сомонӣ аз маҳаллаи  20- уми  Хуҷанд ба ин сабаб  будааст , ки  ин муҷассама дар гардиш ва ё чорроҳаи ин мавзеъ ҷойгир шудааст  ва дар шароити васеъкунии роҳи мошингарди атроф  садд эҷод мекунад.
Аммо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ  ва аспаш дар ҳоле аз маҳаллаи 20 -уми шаҳр барчида ва берун аз ҳудуди Хуҷанд  насб карда мешавад, ки чанд рӯз қабл дар таърихи 30-юми май  бузургтарин муҷассамаи доҳии комунистони ҷаҳон В.И. Ленин аз маркази шаҳри Хуҷанд барканда ва дар кунҷи дигари Хуҷанд насб карда шуд.  Тибқи маълумотҳо акнун  макони асосии  Ленинро дар Хуҷанд муҷассамаи ҷадиди шоҳ  Исмоили Сомонӣ  хоҳад, гирифт, ки ин макон ба хиёбони Исмоили Сомонӣ табдил хоҳад шуд.
Шаҳрдории Хуҷанд ва масъулони идораи сохтмонӣ мавҷудияти ду  Сомонӣ дар як маҳаллаи Хуҷандро хуб напиндошта, ба ин хотир муҷассамаи Исмоили Сомонӣ,  ки  то ин замон савори аспаш  намудор буд, акнун ба ноҳияи  Б.Ғафуров кӯчонида мешавад.    {jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!