Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 16:34

Камбудиҳои се соҳа дар як ниҳод боқӣ мондаанд

5 январ 2013, 04:44

Дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҷаласае ҷиҳати натиҷагирӣ намудан аз фаъолияти кории худ дар соли гузашта ва омодагӣ барои соли 2013 баргузор гардид.

Тавре аз ин кумита ба Озодагон иттилоъ доданд, зимни ин нишаст Кабир Ҷураев, муовини аввали раиси кумита иброз доштааст, ки ҳамроҳӣ ва ҳамкорӣ бо мақомотҳои дахлдору сохторҳои масъули дастгоҳи марказӣ ва  дастгирии дуҷониба дар шароити имрўза аз манфиат холӣ набуда, метавонад барои рафъи мушкилоти соҳа заминаи мусоидеро фароҳам гузорад.

Номбурда қайд кардааст, ки дар баробари дастоварду пешравиҳо, ҳанӯз дар ин  се соҳа-ҷавонон, варзиш ва туризм дар сатҳи маҳалҳо проблемаҳои ҳалталаб зиёданд: «Новобаста аз мушкилоти мавҷудбуда, бо ҷалби мутахассисон ҷиҳати самаранокии кор ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта бояд талош варзем, зеро масъулияти танзим ва дарёфти механизми коркарди рушди се самти хеле муҳим вазоифаи асосии мост».

Сарчашмаи хабар илова намуд, ки дар ин ҷаласа фаъолияти кумита дар соли 2012, самтҳои асосии фаъолият, нақшаи кор барои нимсолаи аввали соли 2013 ва як қатор масъалаҳои дигар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.









Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!