Бахшҳо

Доварони Ӯзбакистон сабқати «Равшан» ва «Ал-Рамта»-ро назорат мекунанд

Дар доираи марҳилаи гурӯҳии мусобиқоти Ҷоми АФК-2013 рақобати дастаи «Равшан»-и Тоҷикистон ва «Ал-Рамта»-и Урдунро аз гурӯҳи «D» ҳайати доварон аз Ӯзбакистон доварӣ мекунанд.

Тавре сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар сабқати пешорӯ, довари марказии майдон Владислав Тсейтлин ва ёваронаш Ҷаҳонгир Саидов бо Ҳусниддин Шодмонов таъин гардидаанд. Довари эҳтиётии майдон Азиз Осимов муайян шудааст.  Комиссари бозӣ бошад Муҳаммадризо Касраӣ аз Эрон мебошад.

Ба иттилои манбаъ, Владислав Тсейтлин соли 2009 вохӯрии дастаи мунтахаби ҷавонони то 19 солаи Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар доираи мусобиқоти Осиё дар Непал доварӣ кардааст, ки ҳисоби бозӣ 4 бар 0 ба фоидаи футболбозони тоҷик хотима ёфта буд.

Бояд гуфт, бар асоси қуръакашӣ, қаҳрамони Тоҷикистон дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар гурӯҳи «D» бо «Ал-Кадисия»-и Кувайт, «Ал-Рамта»-и Урдун ва «Ал-Шорта»-и Сурия бозӣ мекунад. Барандаи медали биринҷӣ дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бошад, сабқатро аз даври интихобӣ ё плей-офф, 16-уми феврал бо яке аз дастаҳои ғолиб «Ал-Ваҳда»-и Сурия ё «Ал-Аҳлӣ Таиз»-и Яман шурӯъ мекунад. Даври плей-офф аз як бозӣ иборат аст. Дар ҳоли баромадани «РегарТадАЗ» аз бозии интихобӣ футболбозони кишвар дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми АФК бо дастаҳои «Сафо»-и Лубнон, «Ал-Кувайт»-и Кувейт ва «Риффа»-и Баҳрайн дар гурӯҳи «А» вориди майдон мешаванд.

Ёдрас мешавем, вохӯрии дастаи «Равшан» ва «Ал-Рамта» 6-уми марти соли равон дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, ки дорои 25 ҳазор ҷои нишаст аст, баргузор хоҳад шуд. Дар бозиҳои даври гурӯҳии Ҷоми АФК-2013 ҳар даста 6 маротиба-3 вохӯрӣ дар майдони худ ва 3 бозии дигарро дар сафар анҷом медиҳанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)