Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 04:56

Ҷорӣ намудани шаффофият дар мактабҳои ронандагӣ

5 январ 2013, 06:31

45 автомашинаи сабукрави замонавӣ, ки бо таҷҳизоти аудӣ ва видеоӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаан, дар қабули имтиҳонҳои мактабҳои ронандагӣ истифода мешаванд.

Тавре аз хадамоти матбуоти ВКД ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, бо мақсади дуруст ва дар асоси талаботҳои замон ба роҳ мондани низоми аз худ намудани касби ронандагӣ аз тарафи ҶММ-и «Автосантал» дар ҳамдастӣ бо шӯъбаҳои бақайдгирии имтиҳонотии Раёсати БДА ба ҷумҳурӣ 45 автомашина, ки бо таҷҳизоти аудӣ ва видеоӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ворид карда шуд.

Гуфта мешавад, мақсад аз ворид намудани автомашинаҳои мазкур бо технологияи муосир, ин ҷорӣ намудани шаффофият дар низоми таълими мактабҳои ронандагӣ буда, онҳо дар қабули имтиҳонҳо ба таври васеъ истифода карда хоҳанд шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!