Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:20

«Шайх Камол» ба қатл расид, амалиёти мақомоти интизомӣ идома дорад

20 июн 2011, 12:58

Зимни амалиёти мазкури мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар водии Рашт аҳолии осоишта зарар надидааст.


Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи ВКД зимни ташреҳи ин хабар ба «Озодагон» гуфт, дар идомаи амалиёти махсуси дастгиркунии маҳбусоне, ки шаби 22 ба 23 -августи соли 2010-ум аз маҳкамаи тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фирор намуда буданд, нимаи аввали имрўз - 20-июни соли равон дар масофаи беш аз 60 км дуртар аз маркази ноҳияи Рашт дар минтақаи мушкилгузари кӯҳӣ дар дараи Гургонӣ , ҷамоати деҳоти Ясман макони пинҳоншавии боз ду тан аз фирориён ва ду нафар ҳаммаслакони яроқноки онҳо ошкор карда шуд.

Манбаъ афзуд, дар рафти  амалиёти мазкур маҳбуси фирорӣ Холметов Фурқат Тӯлаганович, зодаи Ҷумҳурии Ӯзбакистон, аъзои фаъоли Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон ва боз як нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муқимов Имомназар дастгир карда шуда, ду нафар ҷинояткорони яроқнок, маҳбуси фирорӣ Худоёров Мазҳариддин Нуриддинович истиқоматкунандаи ноҳияи Тоҷикобод, деҳаи Муллотемур ва ҳаммаслаки ў ҷинояткори хавфнок Иброҳимов Маҳмадкарим Абдусаломович, зодаи ноҳияи Тоҷикобод деҳаи Зарафшон бо лақаби «Шайх-Камол», ки дар кофтукови ҷиноӣ қарор дошт дар рафти задухӯрди шадиди мусаллаҳона безарар гардонида шуданд.

Аснои азназаргузаронии ҷойи ҳодиса аз ин ҷинояткорон 3-автомати Калашников, 1 -пулемёти дастӣ, 1-зермил бо 7 снарядаш ва дигар лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира гардид. Асадуллоев афзуд, корҳои фавриву ҷустуҷуӣ барои дастгир намудани шаш нафар боқимондаи маҳбусони фирорӣ ҳанӯз ҳам идома дорад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!